ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Таътили наздик ба 320 ширкату корхона давоми се моҳ дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки дар зарфи се моҳи соли равон 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидории барҳам дода шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумор 7,1 ҳазорашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ва 319 ададашон ба сифати ширкату корхонаҳо фаъолият мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда дар давоми сол 688 адад афзуда, то 1 апрели соли равон 344,5 ҳазор ададро ташкил додааст.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар се моҳи соли 2022 ҳудуди 10,8 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ таъсис шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button