Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Нерӯҳои Украина вилояти Курскро гулӯлаборон кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Нуктаи сарҳадӣ дар ноҳияи Рилски вилояти Курс аз ҷониби нерӯҳои Украина гулӯлаборон шуд, хабар дод Роман Старовойт, волии минтақа дар саҳифааш дар «Telegram».

«Субҳ ноҳияи Рилск ноором буд. Соати тақрибан 8:00 аз миномётҳо гузаргоҳе дар деҳаи Крупетс ҳадафи гулӯлаборон қарор гирифт. Бо оташи ҷавобӣ нуқтаҳои тирпарронӣ нобуд шуданд», — омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки тахрибкорӣ ва қурбонӣ дар пайи ин гулӯлаборон ба қайд гирифта нашудааст.

Минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина баъди оғози амалиёти низомӣ мунтазам мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Танҳо ҳафтаи равон деҳоти Нехотеевка, Журавлевка ва Головчино дар вилояти Белгород, гузургоҳи «Троеборт» дар вилояти Брянск тирборон шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button