Хабарҳо

БЕШ АЗ ДУ МИЛЛИОН СОКИНИ ТОҶИКИСТОН ВОЯИ СЕЮМИ ВАКСИНАРО ГИРИФТААНД

Вазорати тандурусти Тоҷикикистон хабар дод, ки то 27 апрели соли 2022 дар умум 5 миллиону 210 ҳазору 943 нафар, яъне 93,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 5 миллиону 53 ҳазору 778 нафар, яне 90,3 фоизи шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Ба вояи сеюми ваксина 2 миллиону 19 ҳазору 226 нафар, яъне 36,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат фаро гирифта шудаанд.Чунин ба назар мерасад, ки суръати ваксинагирӣ дар ин авохир сусттар шудааст. Дар як ҳафтаи охир ба шумори онҳое, ки вояи аввал гирифтанд, ҳамагӣ 8 ҳазор нафар афзуда, шумораи онҳое, ки вояи дуюми ваксинаро гирифтанд, 5 ҳазор нафар бештар шудааст. Вале шумораи онҳое, ки ба вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шуданд, 263 ҳазор нафар афзуда, аз марзи ду миллион нафар гузаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button