Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Азсаргирии парвозҳои миёни Машҳаду Кобул

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳасан Ҷаъфарӣ, мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалӣ Машҳад гуфт, ба дархости ширкати ҳавоии Афғонистон, парвозҳои Машҳад — Кобул аз ин пас илова бар ширкатҳои ҳавоии эронӣ аз тариқи ширкатҳои ҳавоии Афғонистон низ барқарор мешаванд.

Ҳасан Ҷаъфарӣ афзуд, парвози Кобул-Машҳад се рӯз дар ҳафта аз сӯи ширкати ҳавопаймоӣ “Ориёно” афғон анҷом хоҳад шуд.

Вай гуфт, тибқи дархости Афғонистон аввалин парвоз қарор аст 6 май анҷом шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалии Ҳошиминажоди Машҳад дар ҳоли озир парвозҳои масири Машҳад — Кобул тавассути теъдоди аз ширкатҳои эронӣ дар ҳоли анҷом аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button