Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Арабистони Саудӣ квотаи Ҳаҷ барои Русияро дар соли 2022 коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар соли 2022 беш аз 11 ҳазор зоир аз Русия метавонанд ба Ҳаҷ раванд. Дар ин бора муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Рӯшан Аббясов хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, квота барои зиёрати муқаддасоти ислом дар Макка ва Мадина барои кишварҳои хориҷӣ тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.»Имсол 1 миллион нафар диндорон метавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд, квота барои ҳама 55% кам карда шуд. Агар квотаи мусулмонони Русия пеш аз пандемия 25 ҳазор нафар буд, пас имрӯз 11 318 нафар аст ва ҳамин қадар зоирин аз Русия метавонанд ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд», — гуфт Аббясов.

Вай ёдовар шуд, ки пеш аз пандемия, беш аз 2 миллион мусалмон аз кишварҳои дигар метавонистанд ба Арабистони Саудӣ барои зиёрати Ҳаҷ оянд.Дар солҳои 2020 ва 2021, тибқи тасмими мақомоти Арабистони Саудӣ, ба далели маҳдудиятҳои пандемия имкони рафтан ба Ҳаҷ набуд.

Маросими аслии ҳаҷ имсол аз 7 то 12 июл баргузор мешавад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ дар соли 2022 ба афроди то 65-сола, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷозаи зиёрати хонаи Худоро додаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button