ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Таксирони 32 — солаи тоҷик ва падари се фарзандро дар Оренбург бераҳмона куштанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Оренбурги Русия шаҳрванди 32 — солаи тоҷикро ба таври бераҳмона дар яке аз ҷангалҳо қатл намуданд.

Раёсати тафтишоти вилояти Оренбург хабар медиҳад, ки ҷасади ӯро пайвандонаш шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал назди мошинаш пайдо намуданд.

Бародари марҳум ба нашрияи маҳаллии 1743.ru хабар додааст, ки бародараш дар Тоҷикистон таваллуд шуда, тақрибан 7-8 сол қабл ба Оренбург бо кулли хонаводааш кӯчида, дар ин ҷо хонаву ҳавлӣ харид намудааст. Ӯ аз ҳисоби таксиронӣ зиндагияшро пеш мебурд ва ягона саробони оила будааст.

Ба нақли бародар, марҳум бегоҳи 26 апрел юарои харид кардани об ба мағоза рафт ва дигар барнагашт. Зимнан, нимашаб ба додарарӯсаш занг зада кумак хостааст. Ӯ дар куҷо буданашро дақиқан гуфт. вале чун пайвандонаш расиданд, ӯ аллакай ҷон дода будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button