Хабарҳо

РУСТАМ НАБИЕВ, ПИСАРИ ХУРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚ РАҲМОН НАБИЕВРО ДАР ОРОМГОҲИ “ГУНБАЗИ ҚОШУҚ” БА ХОК СУПУРДАНД (3 АКС)

Рустам Набиев – писари хурдии президенти дуюми Тоҷикистон Раҳмон Набиевро рӯзи 26 апрел дар оромгоҳи Гумбази қошуқи шаҳри Хуҷанд, дар як қитъаи марбут ба хонаводаи Набиевҳо дар паҳлуи мазори бародараш Рашид Набиев ба хок супурданд. Дар ин бора дар Фейсбук бо нашри 3 акс аз маросими дафн Бахтиер Сатторӣ, яке аз дӯстони наздики Рустам Набиев, хабар дод.Рустам Набиев субҳи 25 апрел дар шаҳри Хуҷанд дар синни 53 аз олам чашм пӯшид. Рустам Набиев, ки аз рӯи касб табиб буд, солҳои зиёде роҳбари ширкати маводи сӯхти “Зӯҳро” буд. «Газпромнефть Таджикистан» баъдан дар заминаи ҳамин ширкати Набиев рӯи кор омад. Бахтиер Сатторӣ навишт, Рустам Набиев ссоҳибкори дастбахайре буд ва ҳамеша ба ятимхонаҳо ва муҳтоҷон кумак мекард. Бино ба иттилои ӯ, тоза 11 апрели соли ҷорӣ, дар солгарди марги падараш Рустам Набиев ба ятимхонаи Хуҷанд маҳсулоти хӯрокворӣ хайр карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button