Хабарҳо

32 СИТОРАИ УКРАИНАРО БАРОИ 50 СОЛ (!!!) АЗ ҲАҚҚИ ВУРУД БА РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

Идораи нашрияи русии “Известия” рӯйхатти пурраи овозхонҳо, журналистон ва кормандони соҳаи фарҳанги Украинаро, ки аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия то соли 2072, яъне барои 50 сол маҳрум карда шудаанд, нашр кард. Дар ин рӯйхатти сиёҳ 31 намояндаи фарҳанги Украина, аз ҷумла барандагони барномаи машҳури “Орёл и решка” Андрей Бедняков ва Николай Серга, муҷрии барномаи телевизионии “Мир наизнанку” Дмитрий Комаров, овозхонҳои шинохтаи украинӣ Алексей Потапенко ва Анастасия Каменских (дуэти Потап ва Настя), Светлана Лобода, Дмитрий Монатик, Святослав Вакарчук, Андрей Данилко («Верка Сердючка»), ҳамчунин ҳунарпешаи синамо Мила Савицкая («Последний богатырь») шомил карда шудаанд.“Известия” қаблан хабар дода буд, ки муҷрии собиқи барномаи “Орёл и решка”, видеоблогери украинӣ Антон Птушкинро низ барои 50 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.Мақомоти Маскав расман дар ин бора ягон шарҳ надодаанд, вале сабаби аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардани ин ситораҳои украинӣ метавонад интиқоди онҳо аз ҷанги Русия ба зидди Украина метавонад бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button