Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Шумораи парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбад

Теъдоди парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар иттилоъ додааст.

Ба ин тартиб, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон аз 25 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Алматоро аз як парвоз ба ду парвоз афзоиш медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон аз 1 май тасмим гирифтааст, ки шумори парвозҳо байни Душанбеву Алматоро аз як то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн аз 3 ба 4 парвоз зиёд кунад.

Ҳамин тавр, байни ду кишвар ҳафтае шаш маротиба парвозҳо анҷом хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button