ҚАНОТИ МУҲОҶИРОН РАФТ… МАРГИ ДОКТОР АМИНҶОН ДАР ШАҲРИ ОРЕНБУРГ

Аминҷон Шарипов, табиби шинохтаи тоҷик, ки қариб 20 соли охир дар шаҳри Оренбурги Русия кору зиндагӣ мекард, рӯзи 16 апрел дар хонааш бар асари сактаи қалб (инфаркт) аз олам чашм пӯшид. Марҳум ҳамагӣ 55 сол дошт ва аз ӯ 6 фарзанд ятим монд. Писари хурдии доктор Аминҷон имсол Академияи дипломатии Русияро хатм мекунад.Ба гуфтаи наздиконаш, ҷанозаи доктор Аминҷонро рӯзи 18 апрел ба Тоҷикистон меоранд. Бино ба нақли дӯстонаш, доктор Аминҷон бори охир моҳи ноябри соли 2021 ҳамроҳи писари хурдиаш ба зодгоҳаш, ноҳияи Мастчоҳ омад ва ваъда дода буд, ки баҳор боз ба Ватан меояд.Доктор Аминҷон, ки ҳамеша ба ваъдаҳои худ устувор буд, ин дафъа ҳам ба ваъдааш вафо кард. Ӯ рӯзи 18 апрел боз ба Ватан бармегардад. Вале ин бор барои онки дар оғӯши Ватани азизаш, ки ин қадар барои он месӯхт, ба хоби абад биравад.Равонат шод ва охиратат обод бод, доктор Аминҷон!