Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Сиёсатмадори ҳаводори Путинро дар Украина ҳабс карданд

Додгоҳи Лвови Украина қарори ҳабси Виктор Медведчук, сиёсатмадори ҷонибдори Путинро бе ҳуқуқи озод шудан бо гаравпулӣ, содир кард.

Ин сиёсатмадор рӯзи 12-уми апрел боздошт шуд ва мақомоти украинӣ ӯро ба хиёнат ба давлат муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар кочоқи ангишт ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск даст дорад, ки ин амал ба амнияти иқтисодии кишвар зарба задааст.

Ӯро ҳанӯз моҳи январ маҳкум ба ҳабси хонагӣ карда буданд, вале ба гуфтаи мақомоти Украина, аз манзилаш фирор карда буд.

Дар бораи боздошти ӯ Владимир Зеленский, президенти Украина хабар дод.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ӯ мехост пинҳонӣ аз тариқи Молдова ба Русия фирор кунад.

Зеленский ба Русия пешниҳод кард, ки Медведчукро ба сарбозони асири украинӣ иваз кунанд. Дар ҷавоб, мақомоти Русия гуфтанд, ки ӯ шаҳрванди ин кишвар нест ва бо касе иваз намекунанд.

Медведчукро яке аз дӯстон ва ҳаводори Владимир Путин, президенти Русия, медонанд.

Оксана Медведчука, ҳамсари ӯ, ки дар Русия қарор дорад, боздошти шавҳарашро ғайринонунӣ ва қасос донист. Ӯ аз Зеленский хост, ки шавҳарашро озод кунад.

Виктор Медведчук, яке аз раҳбарони ҳизби “Платформаи мухолифон барои ҳаёт” дар Украина аст, ки фаъолияташро пас аз оғози ҷанги Русия манъ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button