Хабарҳо
ҒОРАТГАРИ БАДИҚБОЛ: 73 ҲАЗОР СОМОНИРО РАБУД, ВАЛЕ РОСТ БА ДАСТИ МИЛИТСИЯ АФТОД

ВКД Тоҷикистон дар бораи як ҳодисаи ғайриоддиии бо далели шайъӣ билофосила баъди анҷоми ҷиноят ба даст афтодани як ғоратгар дар Душанбе хабар дод. Ин ғоратгари сисола ба як зани 51-сола дар хонааш ҳамла оварда, ӯро латтукӯб кард ва 73 ҳазор сомонӣ пули ӯро аз дасташ кашида гирифт, вале ҳангоми фирор ба дасти кормандони милиса афтод. Зани ҷабрдида дар ҳамсоягии шуъбаи милисаи фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва табиист, ки садои доду фарёди ӯро пеш аз ҳама ҳамсояҳояш аз шуъбаи милиса шуниданд ва ба кумакаш шитофтанд.