Хабарҳо

ЗАМИНСОЗИ ҶДММ “КОШИФ-2017” БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрел хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Олимҷон Муҳаммадзода, заминсози ҶДММ “Кошиф-2017”-ро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт, “Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим дар вазифаи мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Сипас, Муҳаммадҷонзода О.О. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 5000 сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷиддии моддӣ расонид”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button