Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Тазоҳургари назди консулгарии Чинро ҷарима бастанд

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 14-уми апрел фаъоли маданӣ Байболат Кунболатулиро, ки дар назди консулгарии Чин дар шаҳр дастгир шуда буд, ҷарима кард.

Кунболатулӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ӯро 61 ҳазору 260 танга (135 доллар) ҷарима баст.

Ба гуфтаи ӯ, пулис соати 10-и 14-уми апрел вайро даъват карда буд, то бо парванда шинос шавад. Сипас ӯро дар идораи пулиси ноҳияи Медеу ҳудуди ҳафт соат нигаҳ доштанд.

«Бо қарор розӣ нестам. Тазоҳуроти мо дар назди консулгарӣ ғайриқонунӣ набуд. Пулис моро ғайриқонунӣ дастгир кард ва ҳоло маро ҷарима бастаанд, ман тавони пардохти онро надорам,» — изҳор дошт ӯ.

Қазоқтабороне, ки пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато ҷамъ мешаванд, мегӯянд, пайвандони онҳоро дар «урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд».

Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button