Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Эълони роҳбандӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо баста мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 апрел — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки фардо 16 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт марафони анъанавии дав доир мешавад, ки дар робита ба он иддае аз кӯчаҳои марказӣ барои ҳаракат маҳдуд хоҳад шуд.

Бино ба қарори Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ — Ҳофизи Шерозӣ ва аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо хиёбони Рӯдакӣ то бурриши кӯчаи Бухоро тибқи хатсайри замимагардида маҳдуд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти ҳаракат се соат- аз 08:00 то 11:00 сурат хоҳад гирифт.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони ХII байналмилалӣ ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.

Рустами Эмомалӣ шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо низ муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button