Хабарҳо

ХУДКУШИИ ДУ ПАРШИКАСТА ДАР ДЕҲАИ ЁВОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдоди”, дар моҳи апрели соли 2022, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ як ҷавонзани модари се фарзанд ва як духтари ноболиғи хонандаи синфи 10 худкушӣ кардаанд. Инҳо истиқоматкунандаи деҳаи Ёвон, Исмоилова Анӯша модари 3 фарзанд ва дигаре духтари 17 сола, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №38- и деҳаи Ёвон Ҷононова Додарой мебошанд. Гуфта мешавад, ки Исмоилова Анӯша соҳиби ду писару як духтар буда, ба далели муноқишаи оилавӣ бо шавҳараш Раҳмонқулов Ҳайдархӯҷа, як муддат дар хонаи падараш дар деҳаи Ревад зиндагӣ мекардааст, аммо ахиран ҷисми беҷони ба дор овехташудаи ӯро аз оғили хонаи шавҳараш дар деҳаи Ёвон ёфтаанд. Ҷононова Додарой хонандаи синфи даҳуми мактаби №38 бошад, ба гуфтаи сокинон, дар пайи як нофаҳмии ночиз бо ҳамсинфонаш даст ба ҷони худ задааст. Дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки аз деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ хабари куштору марги мармузи сокинонаш ба даст мерасад. Қаблан дар ин деҳа як зан худро ба дарёи Зарафшон партофта, як кӯдаки синфи 6 дар ҳавзи обҷамъкунии эшонҳои Ёвон ҷон бохт ва Азизбек Раҷабови 18-соларо 4 ҷавони сокини ин деҳа ба сурати гуруҳӣ зада, куштанд. Акнун ба болои ин ҳама боз марги муфоҷои ин зану духтари паршикаста дар моҳи Шарифи Рамазон зам шуд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button