Хабарҳо

ЯК ҶАВОН ДАР ВАҲДАТ ЗАНИ АЗ ХУДАШ 28 СОЛ КАЛОНРО ҲАНГОМИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ КУШТААСТ

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бо ҳукми худ аз 30 марти соли 2022 Юлдошзода Манучеҳри Талбак, санаи таваллудаш 4 майи соли 1999, сокини деҳаи Абдуллоободи ҷамоати ба номи Карим Исмоиловро дар қатли “маъшуқа”-аш ва дуздии 150 сомонӣ пули ин зани аз ӯ 28 сол калонсолтар гунаҳкор шинохта, ба 10 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кард.Дар арафаи соли нав, санаи 31 декабри соли 2021, тахминан соати 14:00 Манучеҳр Юлдошзода бо Дилором Шарипова дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Вахдат вохӯрда, ба маблағи 150 сомонӣ муомила кардаанд ва барои алоқаи ҷинсӣ ба манзили истиқоматии Шарипова Д.Ш. рафтаанд. Вале қабл аз алоқаи ҷинсӣ Манучеҳр Юлдошзода ба Дилором Шарипова эрод гирифтааст, ки аз даҳонаш бӯи машрубот меояд. Шарипова аз ин ба ғазаб омада, ба рӯи Талбакзода як шаппотӣ зада, ӯро дашноми қабеҳ додааст.Ҷавон аз ин кирдори Шарипова Д.Ҳ. ба ғазаб омада, бо баҳонаи ин ки аз даҳонаш бӯи ғализи машруботи спиртӣ набарояд, бо истифода аз рӯймол даҳону гардан ва дастони Шарипова Д.Ҳ.-ро аз қисми пеш баста, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ Манучеҳр Юлдошзода суханҳои таҳқиромези занро ба хотир оварда, гиреҳи рӯймоли дар гардани охирин басташударо бо зӯрӣ бо дасти чапаш ба тарафи қафои гарданаш кашида, бо ин роҳ вайро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button