Хабарҳо

ҚАРИБ 200 ҲАЗОР СОМОНӢ… ХУМОРИ НОС БА РОНАНДАИ АВТОБУС ВАЗНИН АФТОД (ВИДЕО)

Блогери тоҷик Қурбон Неъматов дар каналаш дар Ютуб дар бораи зиндагии хеле фақиронаи хонаводаи Назар Назаров, сокини ноҳияи Варзоб ва ронандаи корхонаи “Автобус1” қисса карда, аз мардум барои пардохти қариб 200 ҳазор сомонӣ товоне, ки ба гардани ин ронандаи бечора афтодааст, кумак хост.Дар видео дида мешавад, ки Назар Назарови 36сола бо падару модари пири барҷомондааш дар як кӯлбаи тангу хароба ба сар мебаранд. Модараш бо гиряву нола нақл кард, ки писараш аз ронандагии автобус ҳар рӯз ҳамагӣ пули 4 ило 5 нон кор мекарду ба хона меовард, вале имрӯз ба гарданаш товоне бор шудааст, ки онҳо дар умри худ чунин пулро ёфтаву пардохта наметавонанд.Номи Назар Назаров рӯзи 2 апрел баъди он вирди забон шуд, ки ӯро ҳангоми мусофиркашонӣ дар хатсайри №33 сари чанбари фармони автобус хоб бурд ва Назар бо автобусаш дар назди Донишгоҳи тиббӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахт якбора 7 мошини таксиро пахш кард.Худи ӯ мегӯяд, рӯзи аввали моҳи Рамазон буд ва ӯи носкаш, ки рӯзадор буд, сахт хумори носаш гирифта буд ва ба ҳамин далел, лаҳзае ғанабаш бурдааст. Лаҳзае, ки барои ин ронандаи бечора хеле вазнин афтод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button