Хабарҳо

ДУЗДИИ АСР: ДАР ФАРХОР ДУ НАВРАС АЗ ЯК МАҒОЗА 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) ДУЗДИДААНД (АКС)ВКД

Тоҷикистон рӯзи 13 апрел дар сомонааш аз ошкор шудани дуздии беш аз 40 ҳазор доллар аз як мағоза дар ноҳияи Фархор ва боздошти ду гумонбар хабар дод. Яке аз гумонбарон 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 17 сол доранд. Дастгиршудаҳо Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, “дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ин ду нафар шаби 15 марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ, ки мақсадашон дуздии молу ашёҳои мағозаи шаҳрванд Гулов Холназар, сокини ноҳия Фархор буд, роҳ ба ҷониби хонаи соҳибмулк мегиранд. Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд. Сипас аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон мерасонанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button