Хабарҳо

ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН РЕКОРДИ НАВ ГУЗОШТ: 171,5 СОМОНӢ БАРОИ 1000 РУБЛ!

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли Русияро барои муомилаҳои молиявии рӯзи душанбе, 11 апрел дар ҳадди барои пули Русия рекордии 171 сомонию 50 дирам барои 1000 рубл муқаррар кардааст. Рӯзи панҷшанбе, 7 апрели ҳафтаи гузашта қурби расмии 1000 рубл 150 сомонию 60 дирам ва рӯзи ҷумъа, 8 апрел 163 сомонию 40 дирамро ташкил медод. Ба ин тартиб, танҳо аз 7 апрел ба ин тараф қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 14%, ё 21,1 сомонӣ барои 1000 рубл боло рафтааст.Ва аммо Бонки миллӣ қурби доллару евроро дар ин рӯзҳо бетағйир: 12 сомонию 50 дирам барои як доллар ва 13 сомонию 57,75 дирам барои як евро муқаррар кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button