Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Мумкин аст, Украина мақоми номзад ба узвияти ИА-ро соҳиб шавад

Украина, мумкин аст, мақоми узвият ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири Украина Олга Стефанишина хабар дод.

«Украина суолнома (анкета)-ро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем,» — навишт Стефанишина дар Твиттер.

Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Лейен рӯзи 8-уми апрел бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Киев мулоқот кард ва суолномаро барои шурӯи гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.

«Роҳи Шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кӯтоҳе хоҳад буд,» — гуфт раиси Комиссияи Аврупо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button