Хабарҳо

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН: БАРКАНОРИИ СУБҲОНЗОДА, НАИМЗОДА ВА…

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 апрел дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, агентиҳои назорат дар соҳаи маориф ва илм, хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.Аз ҷумла Субҳонзода Икром Субҳон бо қарори ҳукумат аз вазифаи мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон озод гардида, бо фармони президент мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин гардид.Бо қарорҳои ҳукумат, Абдулзода Зиёдулло Назар — муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Қурбониён Сарвар Собир — муовини вазири молия, Неъматулло Назарзода Иброҳим мудири агентии ҷангал ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат мудири Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи вазорати молия таъин карда шуданд.Раҳматзода Муродалӣ Ботур ба ҷои Ҳакимзода Ҳотам Рустам, ки аз олам чашм пӯшид, роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» таъин шуда, Мадина Набизода аз мақоми мудири мактаби президентии шаҳри Бӯстон ва Набизода Наим аз мақоми мудири агентии ҷангал озод карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button