Хабарҳо

ДОСТОНИ МАДИНАИ 15-СОЛА, КИ ПИСАРОНРО БА ПУШТ ХОБОНДА, ЧЕМПИОНИ ГУШТИН ШУД

Дар мусобиқаҳои гуштини наврӯзии имсола дар вилояти Хатлон ҳамаро духтари 15-солае аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба ҳайрат гузошт. Мадинаи Рустам дар ин мусобиқаҳо ҳамаи рақибони худро, ки писарон буданд, ба пушт хобонд ва ҷоизаҳои зиёд ба даст овард. Мадина орзу дорад, ки дар оянда аз номи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ҳунарнамоӣ кунад ва чемпион шавад.Модараш ба ин сабаб чандин бор Мадинаро сарзаниш кард, ки гуштин кори духтар нест ва дар як толор бо писарон машқ кардани духтар хуб нест. Вале падараш дар лобалои ин ҷангу сарзанишҳо аз духтараш ҳимоят кард. “Вақте ман чунин шавқи ӯро ба варзиш дидам, аз ҳамсараш хоҳиш кардам, ки ба ӯ халал нарасонад ва орзуҳояшро нашиканад. Ман медидам, ки Мадина чӣ қадар ба гуштин меҳр бастааст”, — нақл мекунад падари Мадина Рустам Қурбонов.Дар ибтидо Мадина дар толори варзиш ягона духтаре буд, ки таҳти раҳбарии мураббӣ Маҳмадулло Ғуломов машқи гуштин мекард. Ҳоло баъди пирӯзиҳои Мадина саффи духтарони гуштингир дар Кадучӣ ба 8 нафар расидааст. Мадина мегӯяд, аввалин ҷоизаашро бо маслиҳати падараш ба модараш дод: “Гуфтам, ки очаҷон, ин аввалин ҳаққи заҳмати ман. Модарам, албатта, ашки шодӣ рехт ва гуфт, дигар ҳеҷ гоҳ монеи машқи гуштингирӣ кардани ман намешавад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button