Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Русия аз 9 апрел маҳдудиятҳои парвоз бо 52 кишварро бекор мекунад

Михаил Мишустин, сарвазири Русмия иттилоъ дод, ки кишвараш шуруъ аз 9-уми апрел маҳдудиятҳои парвози доимиро бо 52 кишвар бекор мекунад. Ин маҳдудиятҳо дар пайи паҳншавии вабои коронавирус ҷорӣ шуда буданд.

Як манбаъ гуфт, рӯйхат аз «кишварҳои барои Русия дӯст» тартиб дода шудааст. Ба рӯйхат кишварҳое чун Афғонистон, Миср, Чин ва Марокаш шомил шудаанд.

Ба гуфтаи Мишустин, сатҳи гирифторӣ ба коронавирус коҳиш меёбад ва ба ин далел, замони густариши самти парвозҳои ширкатҳои русӣ фароҳам шудааст.

Ба илова шуруъ аз 9-уми апрел ҳамаи маҳдудиятҳои убуру мурури заминӣ бо Чин бекор мегардад.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ИМА Бритониё ва кишварҳои дигар фазои худро барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия бастанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button