Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Эрон ба Русия барои пешгирӣ аз таҳримҳои ИМА чораҳо пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Муҳсин Каримӣ, муовини раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Исломӣ дар умури байналмилалӣ ба хабаргузории РИА Новости гуфт,

Мақомоти Эрон ба Русия иқдомотеро барои муқобила бо таҳримҳои Амрико ва ҳамкорӣ дар шароити кунунӣ пешниҳод кардаанд, гуфтааст Муҳсин Каримӣ, муовини раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Исломи Эрон дар умури байналмилалӣ ба хабаргузории РИА Новости.

«Эрон бо такя ба таҷрибаи ғании худ, ки дар солҳои ахир таҳти таҳрим қарор гирифтааст, барои раҳоӣ аз нуфузи амрикоиҳо ва кишварҳои ғайридӯст, ки зидди Русия ҷорӣ кардаанд, чораҳои зарурӣ андешид», — гуфт ӯ.Каримӣ аз ҷумла дар бораи дурнамои муомилоти тиҷоратии байни мамлакатҳо бо пули миллӣ сухан ронд.

«Ҳам тавофуқҳо вуҷуд доранд ва ҳам имконот. Эрон танҳо мехоҳад бо истифода аз онҳо амалиёти тиҷорӣ бо рубл ва риёл анҷом диҳад», — гуфт ӯ.Кишварҳои ғарбӣ беш аз 40 сол қабл дар муқобили Теҳрон маҳдудият ҷорӣ карда буданд ва дар ин муддат ҷумҳурӣ ба тавлиди моли худ дар тамоми бахшҳои иқтисод тамоюли дигар гирифтааст.

Ҳамзамон Эрон дар тиҷорати байналмилалӣ ширкат карда, бо кишварҳои Осиё, ба хусус бо Чин ҳамкорӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button