Хабарҳо

Қ.ТОШИЕВ: ЯГОН КИЛО ОРД Ё ШАКАР НАБОЯД БА ТОҶИКИСТОН БУРДА ШАВАД!

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 24 март дар ҷаласаи кобинаи вазирони ин кишвар зимни баррасии нақшаи зиддибуҳронӣ хостори андешидани чораҳои шадидтарин барои таъмини амнияти ғизоӣ шуд. Тошиев аз ҷумла талаб кард, то мақомот кормандонашонро дар тӯли марз бо Тоҷикистон мисли “сипари зинда” қатор кунанд ва нагузоранд, ки “ҳатто як кило орд, шакар, ё як литр равған ба кишвари ҳамсоя бурда шавад”.Қамчибек Тошиев дар ин ҷаласа гуфт: “Сохторҳое, чун гумрук ва КДАМ бояд вазъ дар марз бо Тоҷикистонро зери назорати сахт бигиранд, чунки дар онҷо эҳтимоли қочоқи маҳсулот аз Қирғизистон хеле зиёд шудааст. Ҳоло ҳама маҳсулотро мисли чоҳи бетаг ба вилояти Бодканд кашонда истодаанд. Кормандонатонро мисли сипари зинда дар марз қатор кунед, вале нагузоред, ки ҳатто як кило орду шакар ва ягон литр равзан аз марз гузарад. Ҳоло ҳамсояҳо ба камбуди маҳсулоти ғизоӣ дучор шудаанд ва ҳама маҳсулотро аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя бурда истодаанд. Онҷо нархи орду шакар якуним маротиба нисбат ба Қирғизистон гаронтар шуда, равған умуман нест. Аз ин рӯ, ин ҳамаро мехоҳанд аз кишвари мо бубаранд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button