Хабарҳо

Муҷассамаи Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ (Румӣ) дар Хатлон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомамалӣ Раҳмон, имрӯз 21-уми март дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон аз муҷассамаи шоир ва орифи бузурги ҷаҳоншумули тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пардабардорӣ кард.Ҳамчунин дар шаҳраки Балхи маркази ноҳия гулгашт, муҷассама ва мақбараи ин суханвари бузург ба баҳрабардорӣ супурда шуд.Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, муҷассамаи Мавлоно 17 метр баландӣ дорад.»Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Эҷодиёт ва осори ба меросгузоштаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, аз таълифоти муҳими адабиёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад», — таъкид шудааст дар хабарномаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button