Хабарҳо

ДАМИРБЕК БАРНАМЕГАРДАД… НАХУСТИН ЗОДРӮЗИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ БАЪДИ МАРГАШ

Агар умр вафояш мекарду марги бармаҳал ӯро аз мо намерабуд, Дамирбек Олимов, овозхони ҷавонмарги тоҷик рӯзи 20 марти соли 2022 ба синни 33 мерасид. Дамирбек Олимов шаби 5 феврал дар як садамаи нақлиёти дар роҳи бозгашт аз як тӯй ба Хуҷанд ҷон бохт. Ҳамроҳонаш мегӯянд, ӯ бо шавқ дар бораи нақшаҳои эҷодияш суҳбат дошт ва мехост таронаи навашро аз телефон пайдо карда, ба онҳо шунавонад. Саргарми кофтукоби он оҳанг дар телефонаш, Дамирбек ба гардиш расидани мошинашро нодида монд…Агар умр вафояш мекард… Эй кош зинда мемонд…Ба қавли устод Лоиқ:Агарҳо, кошкиҳо зинда бошанд,Тасаллопарварони зиндагонӣ…Равонат шод ва макони охиратат Ҷаннат бод, Дамирбек! Ҳунарманде, ки маргаш мотами миллӣ шуд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button