Хабарҳо

ХУДО БО КИСТ?Беҳрӯзи Забеҳулло

Дар ин бозори пуршӯри ҳавасбозон, Худо бо кист?

Ҷунуни ҷаҳл меҷӯшад аз ин майдон, Худо бо кист?

Ғиреву фитна барпо кардаанд дар сарзамини ишқ,

Набарди беамони ақл бо имон, Худо бо кист?

Яке “ДОИШ”, яке “ҷунбиш”, яке “Ансор” яке “Аҳрор”Ҳазорон парчами сабз аст пар афшон, Худо бо кист?

Ҳама даъво, ҳама ғавғо, аҷаб сарҳои пурсавдоҲама низ муддаии пайрави Қуръон, Худо бо кист?

Чи дар масҷиду майхона, чи дар маъбад ва бутхона,Ҳама аз Ӯ сухан гӯянду аз паймон, Худо бо кист?Яке обод месозад, яке бунёд месозад, Яке бар мо намуда зиндагӣ зиндон, Худо бо кист?

Ҳама таҳқир, ҳама такфир, ҳама таркиш, ҳама такбир,Мусулмоно!

Мусулмон мешавад қурбон, Худо бо кист?

Кӣ мегуяд ба ин раҳгум, ҳақиқат чист, эй мардум?

Мусалмонон, мусалмонон, мусалмонон, Худо бо кист?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button