Хабарҳо

БАРФ ОБ ШУДУ… ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАЪДИ СЕ МОҲ АЗ ДАРУНИ ҶАНГАЛ ЁФТАНД

Ҷасади Шодиев Озодбахш, як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро, ки се моҳ пеш гум шуда буд, баъди тамом шудани фасли зимистону об шудани барфҳо аз як ҷангал дар канори шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав пайдо кардаанд. Пулис баъди ёфтани ҷасад ҳамдеҳагони ӯро, ки бо Озодбахш Шодиев дар Долгопрудний дар як ҳуҷра иҷора менишастанд, дигарбора бозпурсӣ карда, боз ҷавоб додааст.Ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, баъди об шудани барфҳо як сокини маҳаллии сагбоз ҳангоми сайр додани сагаш ҷасадро дар ҷангал дида, ба пулис хабар додаст. Иттифоқан ҷасадро дар наздикии ҳамонҷое ёфтаанд, ки Озодбахш рӯзи 13 декабри соли 2021 гум шуда буд.“Эҳтимол меравад, ки ҷасадро баъдтар оварда, дар инҷо зери барф карда бошанд. Чунки се моҳ пеш бачаҳо инҷоро кофта буданд, ягон ҷасад наёфтанд”, — гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод.Ҳоло бародари Озодбахш Шодиев ва домодашон дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расмиёти дигаранд, то ҷанозаи марҳумро барои дафн ба Панҷакент бифиристанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button