Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Русия содироти ғалла ба кишварҳои Авруосиёро манъ кард

Вазорати рушди иқтисоди Русия мегӯяд, бар асоси пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ содироти ғалла ба кишварҳои Авруосиёро муваққатан манъ шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати рушди иқтисоди Русия эълом кард, ки бо қарори Зеркумитаи гумрук, содироти ғалладонагӣ аз Федератсияи Русия ба кишварҳои Авруосиё муваққатан манъ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур то 31 августи соли 2022 эътибор дорад,Вазорат афзуд, ин тасмим бар асоси пешниҳоди Вазорати кишоварзии Русия гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ин мамнӯъият ба гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка дахл дорад.Ҳамзамон гуфта мешавад, Ҳукумати Русия феҳристи молу таҷҳизоти қаблан аз хориҷ ба Русия воридшударо муайян кард, ки муваққатан содироти онҳо аз ин кишвар мамнуъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button