Хабарҳо

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як пиёдагард дар натмҷаи як садама дар шаҳри Бохтар хабар дод.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як пиёдагард дар натмҷаи як садама дар шаҳри Бохтар хабар дод.Бино ба иттилои ин манбаъ, субҳи барвақти 9-уми марти соли 2022, тахминан соати 03:10, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-33023”, Ботиров Самиҷон Азамҷонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сорбон”, воқеъ дар шаҳри Бохтар аз равшании чароғҳои мошине, ки аз рӯ ба рӯяш меомад, пеши роҳашро дида натавонистааст ва бо қисмати пеши мошинаш пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 35-40-соларо пахш намуда, ӯро тахминан 10-15 метр дар рӯи замин кашола карда бурдааст.Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Мақомоти милитсия ҳамчунин талош доранд, ки шахсияти ҷабрдидаро муайян кунанд.ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 7 март дар ду садама ду нафар: як кӯдаки ҳафтсола ва як марди солхӯрда ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button