СИТОРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК СЕРГЕЙ МАНДРЕКО ДАР СИННИ 50 АЗ ДУНЁ РАФТ

СИТОРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК СЕРГЕЙ МАНДРЕКО ДАР СИННИ 50 АЗ ДУНЁ РАФТ Яке аз дастпарварони номдори футболи тоҷик нимҳимоятгар Сергей Мандреко рӯзи 8 март дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи машҳури футболи Австрия “Рапид” (Вена) хабар дод. Сергей Мандреко аз соли 2016 аз як навъи вазнини бемории склероз (боковой амиотрофический склероз) ранҷ мекашид. Сергей Мандреко дар ибтидои солҳои 90 яке аз бозигарони ҷавону аз ҳама умедбахши насли нави футболи тоҷик ба шумор мерафт. Мандреко соли 1990, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, дар ҳайъати тими яккачини наврасони СССР чемпиони Аврупо ва сазовори унвони устоди варзиши СССР шуд. Соле баъд, соли 1991 Мандреко дар ҳайъати тими ҷавонони СССР дар чемпионати ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар воқеъ, ҳеҷ яке аз бозигарони дастаи шуҳратёри “Помир” (Душанбе) дар синни Мандреко чунин дастовардҳои бузург надоштанд.Вале, муттаассифона, бо фурӯпошии СССР футболи Шӯравӣ ҳам пош хӯрд ва Сергей Мандреко натавонист ҳама истеъоди худро ба намоиш гузорад. Ҳарчанд солҳои тӯлонӣ дар чемпионатҳои муътабари Австрия ва Олмон бозӣ кард.