Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ ПИРОНИ БАРӮМАНДИ ВОРУХ АБДУСАМАД ШОМИРСАИДОВ

Рӯзи 7 март дар Исфара бо баргузории як маросими пуршукӯҳи видоъ хоҷагидори номдор Абдусамад Шомирсаидовро ба хок супурданд. Ин шахсияти барӯманду арҷманди зодаи Ворух рӯзи 6 март дар синни 78 аз олам чашм пӯшид. Шаҳрдории Исфара марҳумро “яке аз фарзандони барӯманди диёр, яке аз шахсиятҳои ба ҳамагон азизу арҷманд, ходими намоёни ҷамъиятӣ хоҷагидори номвар” ном бурда, навишт, “марги беамон шахсеро аз байни мо рабуд, ки умри гаронмоя ва тамоми ҳастии худро ба хизмати халқу Ватан ва ободонию пешрафти кишвар бахшида буданд.” Дар маросими видоъ, ки дар ҳавлии марҳум баргузор гардид, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ходими намоёни давлатӣ Гулафзо Савриддинова, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ ва сарвари литсейи №3 Абдураҳмон Шораҳматов баромад карда, аз хислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки инсонии шодравон Абдусамад Шомирсаидов ёдовар гаштанд. Аз номи аҳли оила фарзанди марҳум Рустамҷон Шомирсаидов ба ҳамаи иштирокдорони маърака изҳори сипос кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button