Хабарҳо

САРДОРИ ГИБДД (ГАИ) ВИЛОЯТИ ТЮМЕН БА МУҲОҶИРОН БА ҶОИ ПУЛИ КОРАШОН … “ПРАВА” МЕДОД…

Раёсати тафтишоти вилояти Тюмени Русия парвандаҳои сардори собиқи ГИБДД (собиқ ГАИ, БДА) ин вилоят Александр Селюнин ва собиқ сардори шуъбаи байниноҳиявии бахши имтиҳоноти ГИБДД Михаил Жигалкин ва миёнарави онҳоро ба додгоҳ супурдааст. Жигалкин ба 38 ҳолат ва Селюнин ба 12 ҳолати фурӯши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои ронандагӣ айбдор мешаванд. Аз маводи парвандаҳои онҳо бармеояд, ки аксари муштариёнашон муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Селюнин, барои мисол, ба сохтмони гараж ва як “беседка” дар ҳавлиаш муҳоҷиронро ҷалб карда, барои онки ба онҳо пул надиҳад, ба ҷои пули корашон ба онҳо ҳуҷҷатҳои ронандагӣ медодааст. Ҳоло ҳамаи ин муҳоҷирон барои харидани “права” маҳкум шудаанд. Аз ҷумла соҳибкор Низомҷон Турсунов, ки байни Селюнину Жигалкин ва муҳоҷирони муштоқи гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии Русия миёнаравӣ мекард, ба 4 соли зиндон шуда, дастикам се муҳоҷир, аз ҷумла Фаридун Мамадҷонов ва Эҳрон Худоёров, ки барои иваз кардани ҳуҷҷатҳои ронандагии кишвари худ ба ҳуҷҷати русӣ ҳар кадом 50 ҳазор рубл додаанд, дусолӣ ҳукми шартӣ гирифтанд. Роза Аҳророва ҳам, ки барои “права” ба Жигалкин 60 ҳазор рубл дода буд, шартан ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button