Хабарҳо

ФИФА ВА УЕФА РУСИЯРО АЗ ҲАҚҚИ ИШТИРОК ДАР БОЗИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАҲРУМ КАРДАНД

Федератсияҳои футболи ҷаҳон ва Аврупо (ФИФА ва УЕФА) тасмим гирифтанд, ки тимҳои миллии Русия ва бошгоҳҳои ин кишварро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кунанд. Тмими миллии Русия ба ин тартиб, аз имкони идомаи мубориза барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки имсол дар Қатар доир мешавад, маҳрум гардид ва дар Лигаи миллатҳо низ иштирок намекунад. “Спартак” (Маскав), танҳо бошгоҳи Русия, ки мебоист дар даври 1/8 финали Лигаи Аврупо бо “бошгоҳи олмонии “Лейпсиг” бозӣ мекард, низ аз ин мусобиқа хориҷ карда шуд.Дар изҳороти муштараки ФИФА ва УЕФА чунин гуфта мешавад: “Ҷаҳони футбол бо онҳое, ки дар Украина осеб диданд, ҳамдил буда, дар муқобили ин бадбахтии саросарӣ аз як гиребон сар баровардааст. Мо умедворем, ки вазъ дар Украина дар зудтарин муддат ба таври қобили мулоҳиза беҳтар мешавад ва футбол дубора метавонад меҳвари ваҳдат ва сулҳи байни мардум шавад”.Аз изҳорот бармеояд, ки қарори аз мусобиқаҳои футбол берун кардани Русия бемуҳлат аст ва то замони тағйири вазъи Украина ба қувваи худ боқӣ хоҳад монд.Чунин таҷриба дар футболи ҷаҳонӣ пеш ҳам буд. Аз ҷумла соли 2992 тими он вақтҳо хеле қавии Югославия ба далели ҷанги шаҳрвандие, ки дар он кишвар сар зад, аз роҳхат ба марҳалаи ниҳоии чемпионати Аврупо маҳрум карда шуд ва ба ҷои он, тими Дания ба чемпионат рафт ва унвони қаҳрамониро ба даст овард. Бисёрии мухлисон то ҳол бар ин боваранд, ки агар Югославия ба чемпионат мерафт, он сол чемпиони Аврупо ҳамин даста мешуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button