ҶАНГ ДАР УКРАИНА: РӮЗИ ШАШУМ. ПОЁНИ ИН РӮЗҲОИ СИЁҲ НОНАМОЁН АСТ…ДИҚҚАТ!

Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.- Бино ба хабарҳои расида, маркази шаҳри Харков, дуюмин шаҳри бузурги Украина ҳадафи тирборон қарор гирифтааст. — Шаҳрдори Херсон гуфт, ин шаҳр пурра аз 4 тараф аз сӯи нирӯҳои Русия ба муҳосира гирифта шудааст, вале ҳанӯз ба муқовимат идома медиҳад. — ФИФА ва УЕФА тимҳои Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. — Уфти рубли русӣ ҳамчунон идома дорад: Нимаи аввали рӯзи 1 март қурби доллар то 98 рубл ва евро беш аз 113 рубл буд, қурби расмии 1000 рубл дар Тоҷикистон 112 сомонӣ муқаррар шудааст, вале ягон бонк бо ин қурб дигар рублро иваз намекунад. — Нахустин музокироти Русияву Украина баъди оғози ҷанг рӯзи 28 феврал дар соҳили дарёи Припят 5 соат тӯл кашид ва ҳайъатҳо ба Маскаву Киев баргаштанд, вале ҳанӯз созише ба даст наомадааст.- Вазорати мудофиаи Русия аз нобуд кардани 6 корвони мошинҳои зиреҳпӯши артиши Украина хабар дод. Ситоди кулли артиши Украина гуфт, талафоти ҷонии нирӯҳои Русия ба 5710 нафар расидааст.