Хабарҳо

АКСҲОИ АБДУРОЗИҚ БО СИТОРАИ ФУТБОЛ РОНАЛДУ ВА ШАҲРДОРИ ЛОНДОН СОДИҚ ХОН

Овозхон ва шоумени навраси тоҷик Абдурозиқ ба тасхири арсаҳои байналмилалӣ идома медиҳад. Аз аксҳову видеоҳои рӯзҳои охир дар саҳифааш дар Инстаграм гузоштааш бармеояд, ки Абдурозиқ ҳоло дар Британияи Кабир қарор дорад ва дар Лондон бо шаҳрдори пойтахти Британия Содиқ Амон Хон ва дар шаҳри Манчестер дар варзишгоҳи машҳури “Олд Трафорд” бо яке аз ситораи рақами яки футболи муосир Кристиано Роналду аксҳои муштарак гирифтааст.“Биё, чемпион @Кристиано! Ҳама умр орзу доштам, ки туро бубинам, ака!” навиштааст Абдурозиқ дар зери аксаш бо Роналду бо забони англисӣ. Аммо дар зери аксаш бо шаҳрдори Лондон Содиқ Амонхон Абдурозиқ навиштааст: “Ман Шоҳигарии Британияро дӯст медорам ва мухлисонам бо истиқболи худ маро водор мекунанд, ки худро инҷо як меҳмони мақбул эҳсос кунам.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button