121 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УКРАИНА БА ЛАҲИСТОН (ПОЛША) ВА МОЛДОВА РАФТААНД

Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти зеринро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.Дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки 101 нафар аз онҳо донишҷӯ мебошанд.Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст.Ба ҳолати 09:00 рӯзи 28 феврали 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод, ки аз он 76 шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 шаҳрванд ба Молдова мустақилона сафар намуданд.Телефони тамоси Сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.