Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Толибҳо поксозии Кобул аз ҷиноётро оғоз карданд

Ҷангӯёни толибон рӯзи ҷумъа аз оғози амалиёти поксозии Кобул ва вилояти атрофи он хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар «Твиттер»-и худ навишт, ки толибҳо эълом кардаанд, се ниҳоди амниятии иморати исломӣ (вазоратҳои дифоъ, дохила ва истихборот) дар Кобул ва вилоятҳои атрофи он таҳти фармондеҳии Мулло Муҳаммад Фозил Мазлум, муовини вазири дифоъ амалиёти поксозиро оғоз кардаанд.Ҳадаф аз ин амалиёт боздошт ва маҳви сориқон (дуздон), одамрабоён ва соири муҷримин дар манотиқи мазкур аст.Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ин амалиёт барои таъмини амнияти беҳтари сокинони Кобул, тоҷирон ва дигар ҳамватанон оғоз шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button