Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати ду нафар дар даргирӣ миёни Толибони афғон ва марзбонони Покистон

Дар натиҷаи даргирӣ миёни Толибон ва неруҳои Покистон дар шаҳри Спин Булдаки Афғонистон 2 нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора мақомоти тандурустии вилояти Қандаҳор рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Маҳмуд Аъзам, яке аз сухангӯёни Толибон даргирӣ дар байни ду тарафро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод, аммо дар бемористони вилоятии Қандаҳор ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз маҳалли муноқиша ду ҷасад ва 13 захмиро овардаанд.

Спин Булдак як шаҳр дар марзи вилояти Қандаҳор бо Балучистони Покистон аст ва молу колои зиёде аз тариқи он мегузарад. Манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки латукӯби бераҳмонаи як кӯдаки афғон аз тарафи сарбозони покистонӣ, сабаби даргирӣ байни ду тараф шудааст. Мақомоти Покитстон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button