ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯК ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ДАР ХАТЛОН БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КӮДАК БА 28 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон, аз 16 декабри соли 2021 Проскуряков Сергей Степанович, шаҳрванди Федератсияи Русия, ки муваққатан  дар ҷамоати Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ мекард, бо ҷурми таҷовуз ба номус ва қатли бераҳмонаи як кӯдаки панҷсола ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  рӯзи 17 феврал дар шарҳи ин парванда гуфт, Проскуряков санаи 09 сентябри соли 2021, тахминан соатҳои 15 ба 16 дар ҳолати мастию майзадагӣ аз ҷойи зисташ ба кӯча баромада, бо ноболиғ Н.Р., санаи таваллудаш 17.12.2016, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи мазкур, ки мақсади ба назди модараш рафтанро дошт, вохӯрдааст.

 “Проскуряков С.С. дар сараш мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ пайдо гардида, аз фурсати барояш муносиб истифода намуда, бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронааш хурдсол П.Р.-ро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилвати беодам, дохили замини ҷуворимакка бурда, дидаю дониста, ки хурдсол Н.Р. дар назди ӯ оҷизу нотавон аст, дастону пойҳои ӯро бо ресмонҳои полиэтилении бо худ доштааш баста, дар маъқади ноболиғи номбурда ҳаракати зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ анҷом додааст.   Минбаъд, Проскуряков С.С. бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш қасдан хурдсол Н.Р.-ро бо бриҷи дар танаш буда буғӣ карда, ба ҳалокат расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул.

Додгоҳи Хатлон Сергей Проскуряковро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои “в,е” ва 139, қисми 4, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатли кӯдак бо бераҳмии махсус ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба мӯҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҷазои худро бояд дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт адо кунад.

Дар бораи инки ин шаҳрванди Русия чӣ гуна дар ҷамоати Ҷиликӯл пайдо шуд ва инҷо чӣ мекард?, додситонӣ ягон маълумот надодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button