Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ (НО)МАРДЕ, КИ БАРОИ АКСҲОИ БАРАҲНАИ МАЪШУҚААШ АЗ Ӯ ПУЛ ТАМАЪ ДОШТ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ карда, баъдан, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб кардааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш ва дар шабакаҳои интернетӣ паҳн менамояд. Ҳамин тариқ, ӯ бо ин роҳ аз ҷабрдида дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршуда аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button