ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

«190 сокини Тоҷикистон беш аз 100 сол умр доранд»

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар кишвар 190 шахси аз садсола боло зиндагӣ доранд.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, 91 нафари онҳо мард ҳастанд.

Пештар пажӯҳишгарон муайян карда буданд, ки аксари дарозумрҳо дар Тоҷикистон занонанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соли 2021 аз дарозумр шудани сокинони Тоҷикистон хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод умри миёнаи сокинони кишвар ба 75 сол расидааст ва ин дар муқоиса бо омори соли 2000-ум 6,6 сол афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи намояндагони Вазорати тандурустӣ аҳолии аз 60-сола боло дар Тоҷикистон то соли 2030 ёздаҳуним дарсади аҳолиро ташкил хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button