Хабарҳо

Аловуддин Абдуллозода даргузашт

Аловуддин Абдуллозода даргузаштАловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи «Шӯхиҳои Аловуддин» дар синни 57-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ин ҳунарпешаи пуровозаро мақомҳои маҳаллии вилояти Хатлон таъйид кардаанд.Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги ин ҳунарманд мушаххас нест. Аловуддин Абдуллоев дар ин авохир сардори Раёсати фарҳанги вилояти хатлонро ба дӯш дошт. Соли гузашта бародараш аз бемории коронавирус даргузашта буд.Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Сарбанд, Диловар Ашӯрзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки ба онҳо ҳам хабари марги ин ҳунарпешаи мумтозро расонидаанд ва ҳоло дар роҳ ба сӯйи хонаи марҳуманд.»Дирӯз бо телефон суҳбат карда будем. Шикояте надоштанд. Баъзе масъалаҳои кориро суҳбат кардем, аммо ин субҳ хабари маргашро расониданд, ки дар маҷмуъ даргузашти устод талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои фарҳанги миллии мо аст»,- мегӯяд Ашӯрзода.Ин ҳунарпешшаи саршинос, бо барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд миёни ҷомеаи тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон, довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.Аловуддин Абдуллоев, 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button