ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Муҳлати сабти дубораи симкортҳоро то 2023 дароз карданд

Муҳлати сабти дубораи симкортҳоро дар Тоҷикистон то 15-уми феврали соли 2023 дароз карданд. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон қабули шуд.

Мақомот пештар гуфта буданд, ки тақрибан ду миллион ё ҳудуди 40 дар сади муштариёни ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаи нав сабти ном накардаанд. Агар муҳлат тамдид намешуд, имкон дошт, онҳо аз симкорт ва суҳбатҳои телефонӣ маҳрум шаванд.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, айни ҳол дар кишвар беш аз 5 миллион симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудаанд ва 2 миллиони дигар дар ҳоли аз нав сабтшавӣ қарор доранд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва танқидҳои зиёдеро дар пай дошт.

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.

Бо гузашти чанд сол аз ин тасмим сокинон ба пуррагӣ натавонистанд, дар замони таъиншуда симкорташонро дубора сабтином кунанд ва мақомот ҳам маҷбур ҳар сол муҳлати иҷрои ин қарорро дароз мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button