Кумитаи давлатии боҷхонаи Узбекистон хабар дод, ки аз як кӯшиши интиқоли ҳаҷми бузурги маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ кардааст. 

Кумитаи давлатии боҷхонаи Узбекистон хабар дод, ки аз як кӯшиши интиқоли ҳаҷми бузурги маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ кардааст. Дар хабарномаи идораи гумруки Узбекистон, ки рӯзи 15-уми феврал нашр шуд, омадааст, нақлиёти боркаше аз Тоҷикистон ба самти Русия равон буд ва дар гузаргоҳи “Ойбек” масъулини гумрук онро барои тафтиш нигоҳ доштанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз дохили ин нақлиёти боркаш 229 килограм маводи мухаддир ошкор шудааст. Мақомоти тоҷик то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Дақиқ нест, ки мошини боркаш чигуна бо миқдори бузурги маводи мухаддир аз гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон убур карда, ба “Ойбек” расидааст. Ин бори аввал нест, ки идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиётҳое, ки аз Тоҷикистон мераванд, маводи мухаддир пайдо мекунад. Моҳи ноябри сои гузашта ҳам, гумрукчиёни узбек аз дохили як мошини Тоҷикистон 156 килограм маводи мухаддир пайдо карда буданд.