Хабарҳо

Муҳоҷири 23 — солаи тоҷик дар Маскав ду корманди пулисро корд зад

Алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст ва тафтишот ҳоло идома дорадДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар кӯчаи Мединскаяи шаҳри Маскав муҳоҷири 23 — солаи тоҷик ду корманди милисаро маҷрӯҳ кардааст, хабар медиҳад «Известия».Ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур бегоҳи рӯзи 15 феврал рух дод. Кормандони пулис бо даъвати яке аз сокинони бинои истиқоматӣ ба кӯчаи Мединский омаданд. Дар ин макон миёни се нафар мардон муноқиша рух додааст ва яке аз иштирокчиён бо корд мусаллаҳ буд.

Гуфта мешавад, зимни боздошт нафари мусаллаҳ ба ду корманди милиса дарафтод ва онҳоро маҷрӯҳ кард. Зимнан, ба ҷойи ҳодиса воҳидҳои иловагии пулис даъват шуданд ва кормандони интизомии маҷрӯҳшударо ба бемористон интиқол доданд.Муайян гардид, ки шаҳрванди Тоҷикистон 23 — сола буда, дар Русия ҷои истиқомати доимӣ надорад.Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button