Хабарҳо

ҲАМЛА БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: ТУ, ЗАРДУШТӢ, БА РИШИ ДОМУЛЛОИ МО ЧӢ КОР ДОРӢ?

Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, ки бо баҳсҳои тундаш пиромуни масоили гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном баровардааст, шоми 14 феврал дар Душанбе мавриди ҳамлаи лафзии як ҷавон қарор гирифтааст. Абдуқодир Талбаков ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” гуфт, дар назди фурӯшгоҳи “Марва” дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе як ҷавон ба вай ҳамла оварда, таҳдиди куштан кардааст. “Ту, зардуштии ҳаром, ба риши домуллои мо чӣ кор дорӣ? Хонаатро медонем, дар ду рӯзи наздик коре мекунем, ки ба зону мезанӣ дар пеши мо!” – гуфтааст вай хитоб ба Талбаков.Аммо вақте ки баҳсу харшаха авҷ гирифту Абдуқодир Талбаков телефонашро баровард, ки акси ҳамлагарро бигирад, ӯ рӯ ба фирор овард. Бо ин вуҷуд, ба Талбаков муяссар шудааст, ки ҳамлагаррро ҳангоми фирораш аз ҷои ҳодиса аз пушт сурат бигирад. Мақомоти ШВКД №2 ноҳияи Синои пойтахт бар асоси ҳамин акс алакай соате баъд он ҳамлагарро пайдо ва дастгир кардаанд. Номи ҷавони дастгиршуда нашр нашудааст, вале ба гуфтаи Абдуқодир Талбаков, ӯ як ҷавони ба зоҳир 18–20 сола буда, худро аз муридони Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ном бурдааст. Ин рӯҳонии шинохта дар гузашта бо Талбаков дар Интернет вориди баҳсҳои тунд шуда буд.“Вақте боздошташ карданд, мункир шуд, зориву илтиҷо ва ҳатто оби дида карду гуфт, ки гумроҳам карданд”, – нақл кард Абдуқодир Талбаков дар суҳбат бо “Бомдоди”.

https://www.facebook.com/jomi.kabirov.1/posts/1154309572045626?cft[0]=AZVAdkkQ_QNY69557WjsrIdAADX0ICRta3T65BXtKfmaHGLX2w-tqtPPK4n5LyJ4241i57y8Akz_RIw1F6pNdg_MToMKRk6xnX6B4WROunIHDvTnVua0bw0PlFpJ8OIlFvCoedhQj1Jbed5El-SOXj98&tn=%2CO%2CP-R

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button