Хабарҳо

Садама: Суръати баланд сабабгори ҳодисаи нохӯш гардид

 Санаи 7-уми феврали соли 2022 тахминан соати 05:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 3777ZА01, Назиров Холиқҷон Қосимович, санаи таваллудаш 28.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Қосимова, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои собиқ Маркази тадқиқоти стратегӣ бинобар баланд намудани сурати ҳаркат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараҳои канори роҳ бархурдааст. Дар натиҷа 2-метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва 20 метр панҷараҳои канори роҳ пурра корношоям гардидаанд.
  Ҳамзамон дар натиҷаи садамаи мазкур як нафар ҷавонзани 30 солаи сокини шаҳри Душанбе бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button